ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 270 иншоот бунёд мешаванд
ВАРЗОБ, 26.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб сохтмони 270 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус 56 адад иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин бора Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ноҳияи Варзоб бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 5 миллиону 842 ҳазор сомонӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Сайёд, Алахчин ва Ҷангалак муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ ба истифода дода шуданд.
Ба зикри номбурда, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаш моҳ 76 ҳазору 320 нафар сайёҳон аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб боздид намудаанд, ки аз ин шумора 1014 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети ноҳия 1 миллиону 224 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






