ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 270 иншоот бунёд мешаванд

Июль 26, 2019 15:46

ВАРЗОБ, 26.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб сохтмони 270 иншоот ба нақша гирифта шудааст.  То  имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус 56 адад иншооти дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифтаанд.

Дар ин бора Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон  иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки бахшида ба  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли равон дар ноҳияи Варзоб  бинои нави беморхонаи марказии ноҳия  ба маблағи 5 миллиону 842 ҳазор сомонӣ, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Сайёд, Алахчин ва   Ҷангалак  муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ  ба истифода дода шуданд.

Ба зикри номбурда, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаш моҳ 76 ҳазору 320 нафар сайёҳон  аз минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб  боздид намудаанд, ки аз ин шумора 1014  нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Аз ҳисоби хизматрасонӣ  дар самти сайёҳӣ  ба буҷети ноҳия 1 миллиону 224 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Июль 26, 2019 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид