Абдухалил Ғафурзода: Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст
ДУШАНБЕ, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омодакунии мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст. Аз ҷумла, донишкада дар ҳамкорӣ бо Бунёди «Ҳанс Зайдел»- и Ҷумҳурии Федералии Германия таҳсилро барои хизматчиёни давлатӣ дар зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Идораи давлатӣ» ба роҳ мондааст, ки ҳамасола аз 60 то 65 нафар онро хатм мекунанд. Муҳлати таҳсил барои магистрантони хизматчиёни давлатӣ як сол мебошад. Ин матлабро ректори донишкада Абдухалил Ғафурзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.
Ба зикри номбурда, дар Донишкада бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷӯён, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозиразамон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи давлат ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конференсияҳои илмию байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
«Дар айни замон донишкада бо зиёда аз 12 муассисаи таълимии хориҷи мамлакат ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки ин ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати кордониву корбарии самти идораи давлатӣ ва хизмати давлатии магистрантон ва табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ муҳиму саивақтист», — афзуд Абдухалил Ғафурзода.
Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Дар доираи ин ҳамкорӣ ҳамасола хатмкардагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои шарик барои табодули таҷриба равона мегарданд.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






