Абдухалил Ғафурзода: Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст

Июль 29, 2019 12:16

ДУШАНБЕ, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти омодакунии мутахассисони соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст. Аз ҷумла, донишкада дар ҳамкорӣ бо Бунёди «Ҳанс Зайдел»- и Ҷумҳурии Федералии Германия таҳсилро барои хизматчиёни давлатӣ дар зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Идораи давлатӣ» ба роҳ мондааст, ки ҳамасола аз 60 то 65 нафар онро хатм мекунанд. Муҳлати таҳсил барои магистрантони хизматчиёни давлатӣ як сол мебошад. Ин матлабро ректори донишкада Абдухалил Ғафурзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.

Ба зикри номбурда, дар Донишкада бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи мамлакат оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷӯён, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозиразамон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи давлат  ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конференсияҳои илмию байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

«Дар айни замон донишкада бо зиёда аз 12 муассисаи таълимии хориҷи мамлакат ва ташкилотҳои байналмилалӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст, ки ин ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати кордониву корбарии самти идораи давлатӣ ва хизмати давлатии магистрантон ва табодули таҷрибаи хизматчиёни давлатӣ муҳиму саивақтист», — афзуд Абдухалил Ғафурзода.

Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар доираи ин ҳамкорӣ ҳамасола хатмкардагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба кишварҳои шарик барои табодули таҷриба равона мегарданд.

Июль 29, 2019 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд