Абдулло Қурбонзода: «Барои барқарор намудани заминҳои обёришаванда бояд маърифати истифодабарандагони обро баланд бардошт»
ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои барқарор намудан ва беҳдошти заминҳои обёришаванда бояд, пеш аз ҳама, маърифати истифодабарандагони об баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) таъсис дода шуда, қисми зиёди заминҳои обёришаванда зери назорати онҳо қарор доранд. Ин нуктаро имрӯз, 23 июл муовини аввали директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло ҚУРБОНЗОДА зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
«Мақсади асосии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, пеш аз ҳама, оҷилона ва сарфакорона истифода бурдани об мебошад. Дар ин самт аз ҷониби гурӯҳҳои кории ассотсиатсияҳо дар байни истифодабарандагони об корҳои фаҳмондадиҳӣ ва барномаи махсус ташкил гардида, тақсими об дар заминҳои кишоварзӣ ба низом дароварда мешавад»,- иброз дошт Абдулло Қурбонзода.
Ба зикри номбурда, ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати бархе заминҳои нави обёришаванда беҳтар карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд.
Ба иловаи Абдулло Қурбонзода, тибқи барномаи мазкур соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамаркази сохтмони асосии Агентӣ таъмин ва барқарорсозии 1450 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла, ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Нуробод, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Конибодом дар назар дошта шудааст.








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






