Абдулло Қурбонзода: «Барои барқарор намудани заминҳои обёришаванда бояд маърифати истифодабарандагони обро баланд бардошт»

Июль 23, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Барои барқарор намудан ва беҳдошти заминҳои обёришаванда бояд, пеш аз ҳама, маърифати истифодабарандагони об баланд бардошта шавад. Бо ин мақсад дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) таъсис дода шуда, қисми зиёди заминҳои обёришаванда зери назорати онҳо қарор доранд. Ин нуктаро имрӯз, 23 июл муовини аввали директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло ҚУРБОНЗОДА   зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

«Мақсади асосии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, пеш аз ҳама, оҷилона ва сарфакорона истифода бурдани об мебошад. Дар ин самт аз ҷониби гурӯҳҳои кории ассотсиатсияҳо дар байни  истифодабарандагони об корҳои фаҳмондадиҳӣ ва барномаи махсус ташкил гардида, тақсими об дар заминҳои кишоварзӣ ба низом дароварда мешавад»,- иброз дошт Абдулло Қурбонзода.

Ба зикри номбурда, ҷиҳати таъмини иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» соли равон аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази сохтмони асосии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати бархе заминҳои нави обёришаванда беҳтар карда шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд.

Ба иловаи Абдулло Қурбонзода, тибқи барномаи мазкур соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамаркази сохтмони асосии Агентӣ таъмин ва барқарорсозии 1450 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла, ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Нуробод, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Конибодом дар назар дошта шудааст.

Июль 23, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд