Академияи илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Донишкадаи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ доранд

Июль 26, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2019 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Академияи илмҳо соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотиро соати 10:00 дар маҷлисгоҳи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ мегузаронад.

Нишасти матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатӣ оид ба ҷамъбасти нимсола соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» мегузарад.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

 

Июль 26, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид