Ҷамшед Табарзода: барои бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳот 58 миллион доллар равона мегардад
ДУШАНБЕ, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нав ба имзо расид, ки охири ҳамин сол тадбиқи лоиҳа бояд оғоз ёбад. Ин лоиҳа 58 миллион долларро дар бар гирифта, пурра барои таъмин намудани аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ масраф карда мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода иброз намуд.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки дар доираи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» айни замон 62 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Ин нишондиҳанда пеш аз тадбиқи ин барнома 43 фоизро ташкил медод. Айни ҳол аз рӯи ин барнома корҳо идома ёфта истодаанд.
Зикр карда шуд, ки айни ҳол аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 5 лоиҳа амалӣ гашта истодааст. Инчунин мувофиқи нақша солҳои 2019-2021 дар доираи лоиҳаҳо зиёда аз 20 адад иншооти обтаъминкунӣ ба истифода супорида мешаванд.








Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд






