Ҷамшед Табарзода: барои бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳот 58 миллион доллар равона мегардад

Июль 29, 2019 15:17

ДУШАНБЕ, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Чанде пеш аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нав  ба имзо расид,  ки охири ҳамин сол тадбиқи лоиҳа бояд оғоз ёбад.  Ин лоиҳа 58 миллион долларро дар бар гирифта,  пурра барои таъмин намудани аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ  масраф карда мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  Ҷамшед Табарзода иброз намуд. 

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки дар доираи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020» айни замон 62 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Ин нишондиҳанда пеш аз тадбиқи ин барнома 43 фоизро ташкил медод.   Айни ҳол аз рӯи ин барнома корҳо идома ёфта истодаанд.

Зикр карда шуд, ки  айни ҳол  аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 5 лоиҳа амалӣ гашта истодааст.  Инчунин мувофиқи нақша солҳои 2019-2021 дар доираи лоиҳаҳо зиёда аз 20 адад иншооти обтаъминкунӣ ба истифода супорида мешаванд.

 

Июль 29, 2019 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст