ҲАРАКАТ ДАР РОҲ НИЗ ТАНЗИМ МЕХОҲАД. Ронандагони мошинҳои боркаши ҶДММ «Роҳи тоҷик» қоидаҳои боркашониро риоя намекунанд
ҲИСОР, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ронандагони мошинҳои боркаши ҶДММ «Роҳи тоҷик»-и ноҳияи Ҳисор ва дигар мошинрононе, ки бо ин ҷамъият шартномаи ҳамкорӣ доранд, қоидаҳои боркашониро риоя намекунанд. Ронандагони ин корхона ҳангоми дар нуқтаи назорати истгоҳҳои боркашии РБ №02-и шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода нигоҳ доштани нақлиёт ба кормандони дидбонгоҳ итоат намекунанд. Ин ронандагони мошинҳои “Дулан” бе рақамҳои давлатӣ фаъолият намуда, танҳо дар пеши кабинаи воситаи нақлиёташон навиштаҷоти «АСФАЛТ» гузоштаанд. Инчунин ҳангоми ба корхонаи ин ҷамъият рафта, бо роҳбарияти он суҳбат кардан масъулини корхона бо ҳар баҳона аз қабул ва суҳбат саркашӣ менамоянд. Дар ин бора сардори шуъбаи Ҳисор-Шаҳринави Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Абдусалом ОДИНАЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳонидини МАҲМУД иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, мутахассисони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Ҳисор се нафар ронандагони ҶДММ «Роҳи тоҷик»-ро дар ҳамкорӣ бо кормандони БДА- и шаҳри Ҳисор ҷарима намудаанд. Аз ҷумла, Акбарҷон Зайниддинов ва Бахтовар Азимовро барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ дар шоҳроҳи Турсунзода -Душанбе бо моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 3800 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима намудаанд.
Номбурдагон қоидаҳои аз роҳҳои мошингард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум»-ро риоя накарда, дар нақлиёти ҶДММ «Роҳи тоҷик» аз 43 то 48 тонна бор намудаанд, ки дар натиҷа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Дар асоси қонунгузории соҳаи нақлиёт, барои нигоҳдории роҳҳои мошингарди мамлакат аз вайроншавӣ ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷму вазнин дар мошинҳои боркашонӣ барои ҳар як меҳвар аз 6 то 8 тонна дар фасли гармо иҷозат дода шудааст. Вале қисми зиёди ронандагони мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд маҳсулот бор менамоянд, ки ин сабаби вайрон гардидани роҳҳои ҷумҳурӣ мешавад.
Ҳамзамон мутахассисони Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Рашт нисбат ба 2508 нафар ва дар минтақаи Ҳисор нисбат ба 3042 нафар ронандагону соҳибкорон, ки қонунгузории соҳаи нақлиётро вайрон кардаанд, санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ҷарима намудаанд.
Ба андешаи мутахассисони раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ин минтақаҳо, мушкилоти асосӣ дар роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ аз тарафи ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли бори хавфнок, калонҳаҷм, риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ ва худсарона баромадани ронандагони воситаҳои нақлиёт аз самтҳои муқарраршудаи ҳаракат мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2019 ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои мошингард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд», дар роҳҳои мошингарди минтақаҳои мазкур назорати ҷиддӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа дар минтақаи Рашт 47 нафар ва дар минтақаи Ҳисор 70 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашонӣ барои риоя накардани ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин дар асоси моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки маблағи ҷаримаи онҳо 321 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад.








Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд






