Аз оғози сол ба фонди Осорхонаи таърихии Суғд 193 адад ашёи дорои аҳамияти таърихӣ ворид гардиданд
ХУҶАНД, 12.07.2019. /АМИТ«Ховар»/. Яке аз ашёи таърихие, ки аз оғози соли равон ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ворид гардидааст, ин нусхаи китоби хаттии қадимӣ бо забони форсӣ мебошад, ки таърихи зиёда аз 500-сола дорад. Китоби мазкур бо хатти настаълиқ таҳия гардида, “Маориҷу-н-нубуват” ном дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.
Дар ин замина барои муаррифии бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъа аз оғози сол инҷониб дар осорхона 2 маротиба конфронси илмӣ, 8 маротиба намоиш ва 3 маротиба вохӯрӣ ташкил гардид. Дар самти ғанӣ гардонидани фонди осорхона низ 2 суратҷаласаи комиссияи харидории ашёи дорои аҳамияти таърихиву фарҳангӣ гузаронида шуда, ба миқдори 193 адад ашёи таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва нусхаи хаттии нодир, маводи замони муосир ба тариқи харид ва ройгон қабул шудаанд. Аз миқдори умумии ашё 71 адад ба фонди асосӣ ва 122 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки давоми шаш моҳи соли равон аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» 37 ҳазору 800 нафар шаҳрвандону меҳмонони дохиливу хориҷӣ дидан намудаанд. Аз ин шумора 1224 нафарашон сайёҳон аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» аз Осорхонаи таърихӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, инчунин Қалъаи куҳандиз иборат буда, он яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии минтақаи шимоли мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҷмааи мазкур на танҳо дар рушди илму фарҳанг, балки равнақи соҳаи сайёҳии вилояти Суғд низ саҳми босазо дорад.









Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






