«АЗ ЁДҲО БАР ЁДҲО». Таҳти ин ном дар нашриёти «Адиб» китоби нави Файзи Ашӯр ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 15.07.2019/АМИТ «Ховар»/. «Паррандаи шеъри Файзи Ашӯр дар фазо «Аз ёдҳо бар ёдҳо» бол мекушояд. Ин парранда аз ошёни хотири шоире бархостааст, ки ҳастии худро ба шеър бахшида, дилу ҷони худро волаи оҳанги зиндагибахши он кардааст». Ин сатрҳоро шоири шинохта Муҳтарам Ҳотам дар пешгуфтори «Панҷаи шеъргир»-и китоби тозаэҷоди «Аз ёдҳо бар ёдҳо»-и шоир Файзи Ашӯр нигоштааст.
Маҷмӯаи «Аз ёдҳо бар ёдҳо», ки дар нашриёти «Адиб» чоп гардидааст, шеъру ғазалҳои тозаэҷод ва драмаи «Солори Аҷам»-и шоир Файзи Ашӯрро дар бар мегирад. Шеърҳои «Қасри миллат», «Эҳдо ба сарварони ду кишвари бародар», «Азми савгандқабо», «Дар сӯгвории устод Бозор Собир», «Сапеда», «Борон», «Падрӯд» аз ҳамин қабиланд.
Файзи Ашӯр дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин ва Ашӯр Сафар буда, муаллифи драмаҳои назмию насрии «Марди Ҳақ», «Ё раб», «Фиғон», «Зарбаҳои Ханноскуш», «Шикаст», «Ҳусайни аробакаш» ва «Солори Аҷам» мебошад. Ин асарҳо аз ҷониби Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров, Бурҳонидин Раҷабов ва дигарон дар саҳнаҳои театри касбӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Файзи Ашӯр дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ устод Ашӯр Сафар ба дунё омада, дастпарвари факултаи бахши забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






