Барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 18 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввал барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуд. Аз ин парвандаҳо ба андозаи 18 475 сомонӣ ҷарима таъйин гардида, 4450 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода иттилоъ дод.
Раиси Кумита дар идома дар бораи вазъи омӯзиш ва баррасии истилоҳоти соҳаҳои гуногуни халқ зикр кард, ки «агар дар шаш моҳи аввали соли 2018 аз ҷониби Шўрои ҳамгунсозии истилоҳот ва мутахассисони Кумита 12 фарҳангнома, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳарбӣ, нассоҷӣ ва адабиётшиносӣ дар ҳаҷми 38 124 истилоҳ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор гирифта бошанд, дар 6 моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби Шўро 8 фарҳангнома ва китобҳои таълимии соҳаҳои обшиносӣ ва геодезия, сохтмон ва меъморӣ, иқтисодӣ ва илмҳои дақиқ, техникӣ, варзиш, кишоварзӣ, байторӣ, илмҳои дақиқ, дар маҷмўъ 53 260 истилоҳ баррасӣ гардиданд. Ин нишондод ҷиҳати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта 26,2% зиёд мебошад.
«Кумита дар рушду густариш ва истилоҳоти соҳаи варзиш бо МД Телевизиони «Варзиш» ҳамкории доимӣ ба роҳ мондааст, ки то ин давра 54 истилоҳу иборавожаи варзишии соҳаи волейбол, теннисбозӣ ва шоҳмот ба тоҷикӣ гардонидаву ҳамгун сохта пешниҳод гардиданд»,-зикр кард Раиси Кумита.
Назорат ва татбиқи боби 5-и муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» доир ба номгузорӣ самти фаъолияти дигари Кумита мебошад.
Дар робита ба ин зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввал 420 нафар ба Кумита оид ба номгузории фарзанд муроҷиат намуданд, ки ба 183 номи пешниҳод гардида аз ҷониби Комиссия иҷозат дода шуд. Инчунин 29 муроҷиати ақаллиятҳои миллӣ ва тарзи дуруст навиштани ному насаб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз ҷониби Комиссияи номгузорӣ баррасӣ гардид.
Дар шашмоҳаи аввал ба номгузории 9 муассисаи таълимӣ ва 24 номи ташкилоту муассисаҳо аз лиҳози ташхиси забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хулоса пешниҳод гардидааст, ки дар муқоиса ба шашмоҳаи аввали соли 2018 (29 адад) 3,1% зиёд аст.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






