Барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 18 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардид

Июль 31, 2019 10:21

ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввал барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуд. Аз ин парвандаҳо ба андозаи 18 475 сомонӣ ҷарима таъйин гардида, 4450 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода иттилоъ дод.

Раиси Кумита дар идома дар бораи вазъи омӯзиш ва баррасии истилоҳоти соҳаҳои гуногуни халқ зикр  кард, ки «агар дар шаш моҳи аввали соли 2018 аз ҷониби Шўрои ҳамгунсозии истилоҳот ва мутахассисони Кумита 12 фарҳангнома, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҳарбӣ, нассоҷӣ ва адабиётшиносӣ дар ҳаҷми 38 124 истилоҳ мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор гирифта бошанд, дар 6 моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби Шўро 8 фарҳангнома ва китобҳои таълимии соҳаҳои обшиносӣ ва геодезия, сохтмон ва меъморӣ, иқтисодӣ ва илмҳои дақиқ, техникӣ, варзиш, кишоварзӣ, байторӣ, илмҳои дақиқ, дар маҷмўъ 53 260 истилоҳ баррасӣ гардиданд. Ин нишондод ҷиҳати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта 26,2% зиёд мебошад.

«Кумита дар рушду густариш ва истилоҳоти соҳаи варзиш бо МД Телевизиони «Варзиш» ҳамкории доимӣ ба роҳ мондааст, ки то ин давра 54 истилоҳу иборавожаи варзишии соҳаи волейбол, теннисбозӣ ва шоҳмот ба тоҷикӣ гардонидаву ҳамгун сохта пешниҳод гардиданд»,-зикр кард Раиси Кумита.

Назорат ва татбиқи боби 5-и муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» доир ба номгузорӣ самти фаъолияти дигари Кумита мебошад.

Дар робита ба ин зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввал 420 нафар ба Кумита оид ба номгузории фарзанд муроҷиат намуданд, ки ба 183 номи пешниҳод гардида аз ҷониби Комиссия иҷозат дода шуд. Инчунин 29 муроҷиати ақаллиятҳои миллӣ ва тарзи дуруст навиштани ному насаб бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ ва англисӣ аз ҷониби Комиссияи  номгузорӣ баррасӣ гардид.

Дар шашмоҳаи аввал ба номгузории 9 муассисаи таълимӣ ва 24 номи ташкилоту муассисаҳо аз лиҳози ташхиси забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хулоса пешниҳод гардидааст, ки дар муқоиса ба шашмоҳаи аввали соли 2018 (29 адад) 3,1% зиёд аст.

Июль 31, 2019 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст