Чин барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ба Тоҷикистон техникаҳои махсус ҷудо намуд

Июль 23, 2019 14:35

ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҷумҳурии  Мардумии Чин  шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати  Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ин нукта имрӯз, 23 июл  дар маросими супоридани воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот ба Кумитаи ҳолатҳои  фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолоатҳои фавқулода хабар медиҳад, дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода,  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин ва дигарон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ҳарду мамлакати ҳамҷавор дар минтақаи Осиё  дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, кишоварзӣ,  коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг ҳамкории худро беш аз пеш тақвият мебахшанд.

«Ин аст, ки дар доираи ҳамкории судманд ва дуҷониба имрӯз ба ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 127 номгӯй воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти махсус барои корҳои ҷустуҷӯиву наҷот супорида шуд», — афзуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки робитаҳои судманд ва бисёрҷонибаи ду мамлакат 15-16 июни соли равон зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Мо аз вазъи ҳамкорӣ дар арсаи рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода қаноатманд мебошем. Дар  робита ба ин, мо ба ҷониби Чин барои кумаки техникӣ ба хотири таҳкими пояи моддиву техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон арси сипос менамоем», — гуфта буданд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки таҷҳизот ва техникаи мазкур дар асоси Аҳднома оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникии ду мамлакат, Номаҳои мубодилавӣ оид ба ёрии техникӣ байни ҳукуматҳои Чин ва Тоҷикистон ва Санад дар бораи пешкаши воситаҳои техикӣ ва таҷҳизот барои ҷузъу томҳои Кумитаи ҳолатҳои фавҷулода супорида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, мошинҳо барои сари вақт ба макони ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ва табиӣ интиқол додани гурӯҳҳои наҷотбахшон ва таҷҳизоти махсус бо ҳадафи гузарондани корҳои садамавиву наҷот ва дигар амалҳои оҷилӣ, инчунин барои ба даст овардани иттилооти саривақтӣ ва дақиқ дар бораи ҳолати системаи табиӣ-саноатӣ, хосса дар мавзеъҳои кӯҳӣ ва пешгӯӣ ба хотири тасмимҳои саривақтии марбут ба пешгирӣ аз оқибатҳои имконпазири ҳолатҳои фавқулодаи гуногун пешбинӣ шудаанд.

Июль 23, 2019 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид