Дар қароргоҳи САҲА натиҷаҳои саммити МҲТБО дар Душанбе муаррифӣ гардиданд

Июль 4, 2019 11:04

ДУШАНБЕ, 04.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 июли соли 2019 дар Вена таҳти раёсати Тоҷикистон иҷлосияи навбатии Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) дар мавзӯи «Чораҳои таҳкими эътимод ва амният дар Осиёи Марказӣ: нақши Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар амнияти минтақа» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо даъвати раёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур ба сифати суханварони калидӣ намояндагони котиботи Машварати ҳамкорӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиё таҳти роҳбарии Мудири иҷроияи ин ниҳод Ҳабибулло Мирзозода гузоришҳо манзур карданд. Зимни суханронӣ дар иҷлосия Ҳ. Мирзозода ҳайатҳои кишварҳои иштироккунандаи САҲА-ро бо ҳадафу вазифаҳои МҲТБО ва раванди татбиқи Феҳристи чораҳои эътимод аз ҷониби кишварҳои узви ин Муколама шинос кард.

Яке аз бандҳои муҳими гузориши Ҳ. Мирзозода ба натиҷаҳои саммити панҷуми МҲТБО, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Душанбе таҳти шиори «Бо назари нек ба сӯи амният ва шукуфоии бештари минтақаи МҲТБО» баргузор гардид, бахшида шуда буд. Таъкид гардид, ки саммити Душанбе ҳамкории кишварҳои узви МҲТБО-ро ба сатҳи сифатан баландтар баровард.

Зимни муҳокимарониҳои умумӣ ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои марбут ба чораҳои таҳкими эътимод ва амният дар минтақаи САҲА бар пояи муқаррароти Санади Вена ва Кодекси рафтори САҲА мубодилаи афкор намуданд. Тазаккур дода шуд, ки равиши таҳия ва татбиқи чораҳои эътимод дар доираи МҲТБО аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти FSC шабоҳат дорад

Иҷлосияи мазкур нахустин иқдом аз силсилаиҷлосияҳои FSC таҳти Раёсати Тоҷикистон дар моҳи июл роҷеъ ба масъалаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ миёни созмонҳои минтақавӣ ва САҲА дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Июль 4, 2019 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид