Дар Берлин тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Германия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 июли соли 2019 дар Берлин дар остонаи баргузории машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо бо Мудири Департаменти Осиёи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия Гизела Ҳаммершмидт баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «300 рӯзи ислоҳот баҳри рушди соҳибкорӣ ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ», таъсиси интернет-портали тиҷоратии Тоҷикистон, ислоҳоти қонуни андоз, саноатикунонии мамлакат ба манзури истеҳсоли молҳои ҷойгузини воридот ва тавсеаи шарокати рушд байни Тоҷикистону Германия аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқот баррасӣ гардиданд.
Сафири Тоҷикистон изҳор дошт, ки идомаи шарокати рушд дар соҳаи беҳтарсозии хидматрасонии тиббӣ, ҳифзи модару кӯдак, ҳамчунин баргузории ҳамоишҳои иқтисодии ҳар ду давлат ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат хоҳад кард.
Қарор аст, ки машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия тирамоҳи соли равон баргузор гарданд.








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






