Дар Берлин тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Германия баррасӣ гардид

Июль 23, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 июли соли 2019 дар Берлин дар остонаи баргузории машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия Соҳибназар Ғайратшо бо Мудири Департаменти Осиёи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Германия Гизела Ҳаммершмидт  баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «300 рӯзи ислоҳот баҳри рушди соҳибкорӣ ва беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ», таъсиси интернет-портали тиҷоратии Тоҷикистон, ислоҳоти қонуни андоз, саноатикунонии мамлакат ба манзури истеҳсоли молҳои ҷойгузини воридот ва тавсеаи шарокати рушд байни Тоҷикистону Германия аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқот баррасӣ гардиданд.

Сафири Тоҷикистон изҳор дошт, ки идомаи шарокати рушд дар соҳаи беҳтарсозии хидматрасонии тиббӣ, ҳифзи модару кӯдак, ҳамчунин баргузории ҳамоишҳои иқтисодии ҳар ду давлат ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мусоидат хоҳад кард.

Қарор аст, ки машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Германия тирамоҳи соли равон баргузор гарданд.

Июль 23, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид