Дар Душанбе ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия оғоз гардид

Июль 10, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 10.07.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия  ба кори худ шурӯъ кард.

Ҷаласаро директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода ифтитоҳ намуд.

Сипас аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайрамақдам гуфта, фаъолияти босамари Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия ва саҳми онро дар рушди иқтисодии кишварҳои аъзои он нек арзёбӣ кард.

 «Умедворам, ки ҳамгироиву ҳамкории васеи мо ба таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва дар ин замина, ба пешрафти минбаъдаи кишварҳоямон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.  Масъалаҳое, ки дар ҷаласаи навбатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсия баррасӣ карда мешаванд, боз як саҳифаи наверо дар тавсеаи фаъолияти мо мекушоянд ва барои рушди системаи амалкунанда дар соҳа мусоидат хоҳанд намуд»,- изҳор намуд Азим Иброҳим.

Ҳамзамон Сафири Фавкулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал, президенти Институти стандартизатсияи Туркия, Раиси Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия, профессор Адем Шаҳин сухан карда,  доир ба раванди ҳамкории судманд ибрози андеша карданд.

Баъд аз қисмати ифтитоҳӣ ҷаласаи 28-уми Ассамблеяи генералӣ тибқи нақша оид ба баррасии масъалаҳои дар рӯзнома муқарраршуда ба кори худ оғоз кард.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон имрўз дар  баробари  узвият дар якчанд ташкилотҳои  ҷаҳонӣ, инчунин аъзои Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия (МАС) аст. Узвият дар чунин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ барои таҳкиму рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия (МАС) бо дарназардошти афзалиятҳои минтақа ба ташаккули низоми шарикии байни кишварҳо ва рушди стратегияи иқтисодии он нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи байниминтақавӣ оид ба стандартизатсия соли 1991 дар Ҷумҳурии Туркия таъсис дода шуда, айни замон  ба ҳайати он 18 давлат- Тоҷикистон, Россия, Албания, Озарбойҷон, Гурҷистон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Молдова, Ӯзбекистон, Туркия, Туркманистон ва ғайраҳо шомиланд.

Тибқи таҳлилҳо, ҳамкорие, ки якчанд сол инҷониб дар доираи узвият ба Ассотсиатсияи байниминтақавӣ идома доранд, барои бозомӯзии мутахассисони касбӣ, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байналмилалӣ, рушди соҳаи стандартонӣ ва дар ин замина ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузоштаанд.

Ҳамоҳангсозии стандартҳои миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, таҳия ва амалӣ намудани дастурҳои техникии  мувофиқашуда  аз рӯи принсипҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки имрӯз Тоҷикистон узви он низ мебошад, барои бартараф намудани монеаҳо ва маҳдудият дар муомилоти озоди мол, кор ва хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Июль 10, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд