Дар Душанбе намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте оғоз гардид

Июль 6, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии аксбардори шинохтаи Тоҷикистон Заур Дахте бо  номи  «Уфуқҳои дӯстӣ» оғоз ёфт. Намоиш бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар маросими ифтитоҳи намоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттифоқҳои эҷодӣ ва ҳаводорони ҳунари аксбардори маъруф Заур Дахте иштирок намуданд.

«Дар ҳақиқат Заур Дахте фарзанди ду халқ мебошад. Он кас дар Ҷумҳурии Доғистон ба дунё омада, 70 сол аст, ки дар мамлакати мо зиндагӣ мекунанд.   Заур Дахте дар рушди фарҳангу санъати тоҷик саҳми назаррас гузошта,  имрӯз на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат шуҳратёр гардидаанд. Аз ин хотир баргузории намоиши имрӯза хеле меҳим мебошад»,-иброз дошт мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода зимни ифтитоҳи намоиш.

Аксҳои ба намоиш пешниҳодшуда бори дигар собит сохтанд, ки Тоҷикистон мамлакати зебо буда, бо табиати дилфиреб, гулу буттаҳои диққатҷалбкунанда, гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои хеш дили садҳо нафар сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Бояд зикр намуд, ки дар аксҳои суратгири маъруф дар баробари нишон додани зебоиҳои диёр, инчунин соҳаҳои муҳими ҳаёт, аз қабили сиёсат, иқтисод ва фарҳанг инъикос ёфтаанд.

Ҳамчунин дар намоиш аксҳо аз ҷараёни барномаҳои фарҳангӣ, олами кӯдакон ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон пешкаши ҳозирин гардонида мешаванд.

Заур Дахте бо суратҳои гирифтаи худ мехоҳад зебоиҳои мамлакатро ба дигар халқу миллатҳо ва сайёҳони хориҷӣ нишон диҳад, то онҳо аз табиати нотакрори Тоҷикистон ҳаловат баранд.

Мавриди зикр аст, ки Заур Дахте яке аз наворбардоронии маъруф, суратгири мусаввир, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ, Лауреати кинофестивалҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯ соли 1936 дар Доғистон таваллуд шуда, тўли беш аз 60 сол аст, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад.

Заур Дахте дар таҳияи зиёда аз 600 филм ширкат кардааст. Ду филми ҷолиби ў ба маликаи балети тоҷику шўравӣ Малика Собирова бахшида шудаанд. Филми «Малика» сазовори Ҷоизаи Кинофестивали ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гардида буд. Баъди вафоти балерина Заур Дахте соли 1982 филми «Маликаи мо»-ро сохт.

Филмҳои олии Заур Дахте оид ба сарнавишту саргузашти шоирони бузурги форсу тоҷик: Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии кинои миллӣ ворид шудаанд.

Завқи эҷодии Заур гуногунҷабҳа аст, вале суратгирӣ яке аз шуғлҳои деринаи ў буда, тайи 20 соли охир он дар фаъолияти эҷодиаш хеле мукаммал зуҳур кардааст. Тамоми аксҳои гирифтааш саршори рангҳову гармиянд. Онҳоро метавон беохир тамошо кард. Дар сукунати он аксҳо эҳсосу андешаҳо амиқ инъикос гардидаанд. Сукунате дар ҳаракат… Ин қонунист, вақте ки суратро наворбардори кино мегирад. Наворбардори одӣ не, балки яке аз беҳтаринҳо дар кинои тоҷик …

Аваллин намоиши аксҳои гирифтаи Заур Рустамович Дахте соли 2003 дар Душанбе доир гашта буд. Баъдтар намоишҳои инфиродиаш дар Чин, Ҳиндустон, Япония, Россия, ИМА, Франсия, Эрон, Германия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Беларус, Ўзбекистон ва Қирғизистон баргузор шудаанд.

Июль 6, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд