Дар нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон саволу ҷавоб атрофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кӯдак сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 18.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколадор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо иштироки намояндагони ВАО тибқи нақшаи тасдиқшуда нишасти матбуотӣ доир намуданд.
Зимни нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода зикр намуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2019 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1875 муроҷиат ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 341 муроҷиати хаттӣ ва 1534 адад шифоҳӣ мебошанд. Дар дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 332 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 147 ададаш хаттӣ ва 185 ададаш муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода таъкид намуд, ки «яке аз вазифаҳои асосии мақомот- ин ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳисоб меравад. Дар ин давра 73 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Мо тавонистем дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ 8 адад муроҷиатро ба таври мусбат ҳал намоем».
Бино ба гуфти Раҷабмо Ҳабибулозода, ин муроҷиатҳо бештар ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дахл дошта, вобаста ба сатҳи кофии зиндагӣ, зери ғамхории волидайн тарбия ёфтани кӯдакон, гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ва бартараф намудани монеаҳо дар муоширати кӯдакон бо волидайн буданд, ки аксари онҳо ҳалли мусбати худро пайдо намуданд.
Дар идома аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба дигар паҳлуҳои фаъолияти ин ниҳод саволу ҷавоб сурат гирифт.








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






