Дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мулоқот доир гардид

Июль 18, 2019 15:59

ТОҶИКОБОД, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод баҳри пешгирии   шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва баргардонидани шаҳрвандони гумроҳ аз давлатҳои ҷангзада ба ҷумҳурӣ  вохӯрии  намояндагони мақомоти иҷроия, мақомоти қудратӣ, аз ҷумла суд, прокуратура ва милитсия   бо сокинони Ҷамоати деҳоти  Мунаввар Шогадоев баргузор гардид. Дар ин бора  масъулини ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар  ҷамъомади мазкур масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, машғул шудан ба таълимоти динии ғайрирасмӣ, сарчашмаҳои терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, инчунин мазмун ва моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар қонунҳои ҷорӣ  сухан гуфтанд.

Инчунин зимни мулоқот масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло иброз намуд, ки сабаби асосии шомилшавии ҷавонон- ин паст будани сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо мебошад.

Аз ин рӯ ба сарварони муссисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки пайваста бо хонандагон дар робита бошанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд. Аз шахсони барӯманди деҳа, падарон ва ходимони дин даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи фарзандон бетараф набошанд. Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро хуб дарк намуда, ба мардуми одӣ, махсусан ҷавонон онро фаҳмонанд. Зеро  имрӯз тамоми нооромиҳо дар сайёра аз тарафи абарқудратон тавассути ҷавонони гумроҳ роҳандозӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Ҷамоати деҳоти Мунаввар Шогадоев яке аз ҷамоатҳои осебпазир ба шумор меравад. Тибқи  иттилои масъулини мақомоти дахлдор, 11 нафар шаҳрвандони ҷамоати мазкур дар давлатҳои ҷангзада аъзои гурӯҳҳои терористӣ-экстремистӣ мебошанд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ волидайни шаҳрвандони гумроҳшуда дар бораи охирин тамос бо  фарзандонашон иттилоъ дода, ваъда доданд, ки дар сурати пайдо шудани ягон маълумот дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ баҳри  пайдо ва баргардонидани онҳо аз давлатҳои ҷангзада мусоидат менамоянд.

 

Июль 18, 2019 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид