Дар шаҳри Хоруғ дуюмин Фестивали байналмилалии фарҳанг ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 15.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 26 то 28 июли соли равон дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ дуюмин Фестивали байналмилалии фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти унвони «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо мақсади мусоидат намудан ба рушди устувори сайёҳӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина шиносоии намоядагони касбу кори гуногун ба воситаи сайёҳӣ аз дастовардҳои замони истиқлолият дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, фаъол гардонидани хатсайрҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳа ва рушди сайёҳии дохилӣ роҳандозӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки дар фестивал дар қатори мизбонони тоҷик меҳмонон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон, ИМА, Латвия ва Ҳиндустон иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи фестивал баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дарсҳои сайқали маҳорат, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ дар назар дошта шудааст.








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






