Дар шаш моҳ ба иқтисодиёти Суғд зиёда аз 170 млн. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ба иқтисодиёти вилояти Суғд зиёда аз 176 млн. доллар сармоягузорӣ ҷалб гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, баҳри ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар вилоят корҳои муайян анҷом дода шуда, дар ин давра 170,4 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва 6,4 млн. доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидаанд.
«Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 баробар зиёд мебошад», — афзуд манбаъ.
Бояд зикр кард, ки супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтарсозии фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ, ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот барои ба роҳ мондани низоми нави электронии фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳа, таҳияву татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ мебошанд. Ин тадбирҳо тавонистанд барои рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшанд.
«Фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузороне, ки ҷойи кор таъсис медиҳанд, ба бозори дохиливу хориҷӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва қонунгузории миллиро риоя менамоянд, ҳамеша кушода буда, барои чунин сармоягузорон бастаи имтиёзҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ пешбинӣ гардидааст», — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Метавон гуфт, ки бо ҷалби бештари сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ сатҳи иқтисоди миллӣ боло рафта, дар ин замина шароити зиндагии сокинон хубтар хоҳад шуд. Бо назардошти беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ фаъолияти соҳибкорӣ низ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт имтиёзҳо зиёд мебошанд.
Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Мавриди зикр аст, ки ин ислоҳот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат иброз намуданд, амалӣ шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии молиявии шарикони рушд айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳа ба маблағи умумии 31,9 миллиард сомонӣ ё муодил ба 3,38 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.
«Аз ҷумла, ҳоло дар қаламрави вилоят 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 352 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад», — афзуд манбаъ.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






