Дар шаш моҳ ба иқтисодиёти Суғд зиёда аз 170 млн. доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардид

Июль 23, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ба иқтисодиёти вилояти Суғд зиёда аз 176 млн. доллар сармоягузорӣ ҷалб гардидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, баҳри ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар вилоят корҳои муайян анҷом дода шуда, дар ин давра 170,4 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва 6,4 млн. доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидаанд.

«Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 баробар зиёд мебошад», — афзуд манбаъ.

Бояд зикр кард, ки  супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар самти беҳтарсозии фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ, ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот барои ба роҳ мондани низоми нави электронии фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳа, таҳияву татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ мебошанд. Ин тадбирҳо тавонистанд барои рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшанд.

«Фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузороне, ки ҷойи кор таъсис медиҳанд, ба бозори дохиливу хориҷӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва қонунгузории миллиро риоя менамоянд, ҳамеша кушода буда, барои чунин сармоягузорон бастаи имтиёзҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ пешбинӣ гардидааст», — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ  дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Метавон гуфт, ки бо ҷалби бештари сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ сатҳи иқтисоди миллӣ боло рафта, дар ин замина шароити зиндагии сокинон хубтар хоҳад шуд. Бо назардошти беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ фаъолияти соҳибкорӣ низ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт имтиёзҳо зиёд мебошанд.

Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Мавриди зикр аст, ки ин ислоҳот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  зимни манзури Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат иброз намуданд, амалӣ шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии молиявии шарикони рушд айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳа ба маблағи умумии 31,9 миллиард сомонӣ ё муодил ба 3,38 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.

«Аз ҷумла, ҳоло дар қаламрави вилоят 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи онҳо 352 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад», — афзуд манбаъ.

Июль 23, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Моликияти зеҳнӣ ва ҷавонон: Инноватсия барои ояндаи беҳтар». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» истифодаи электромобилҳоро афзоиш медиҳад
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. ҶДММ «Тоҷфилиз» дар се моҳ ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд бо масъулини соҳаи савдо мулоқот доир шуд
«Somon Air» дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе ҳафтае ду маротиба парвоз анҷом медиҳад
Дар Душанбе дурнамои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷаласа доир шуд
Дар Душанбе рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
НАМОИШГОҲИ «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ». Дар он маҳсулот ва хизматрасонии 28 корхонаи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст
Дар шаҳри Бохтар ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон фаъолият дорад
Дар Тоҷикистон дар зиёда аз 152 ҳазор гектар зироати баҳорӣ кишт шудааст
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст