Дар Суғд ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 4 июл зимни иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, иҷлосияи мазкур таҳти раёсати раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардида, дар он муовинони Раиси вилоят, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ин қишри ҷомеа такя карда, тарбия ва ба камол расонидани онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як зумра барномаву стратегияҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гардида, босамар амалӣ шуда истодаанд.
Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз теъдоди умумии аҳолии вилоят қариб 903 400 (34%) нафарро ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 449 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Таъкид гардид, ки барои амалисозии «Барномаи вилоятии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Суғд барои солҳои 2019-2022» 1 миллиону 164 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоятӣ пешбинӣ гардида, барои соли 2019-ум 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Илова бар ин, бо қарорҳои алоҳидаи Раиси вилоят ҷиҳати дастгирии ҷавонон, таъсиси стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони донишгоҳҳои олӣ ва варзишгарони муваффақ, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 15 намуди варзиш барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят, дастгирии Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон, баргузории фестивал – озмунҳо байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 582 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Ҳамагӣ барои соли 2019 аз буҷети вилоят бо мақсади рушди ҷавонон 2 миллиону 206 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар иҷлосия Раҷаббой Аҳмадзода бобати таъмини босифати Барнома ҳарф зада, ниҳодҳои марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ин самт корбариро ҷоннок намоянд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






