Дар Суғд ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон баррасӣ гардид

Июль 5, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. 4 июл зимни иҷлосияи нуздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, иҷлосияи мазкур таҳти раёсати раиси вилоят, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардида, дар он муовинони Раиси вилоят, вакилон, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ин қишри ҷомеа такя карда, тарбия ва ба камол расонидани онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як зумра барномаву стратегияҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гардида, босамар амалӣ шуда истодаанд.

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз теъдоди умумии аҳолии вилоят қариб 903 400 (34%) нафарро   ҷавонони аз 14 то 30-сола ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 449 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки барои амалисозии «Барномаи вилоятии тарбияи ватандӯстӣ  ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Суғд барои солҳои 2019-2022»  1 миллиону 164 ҳазор сомонӣ аз буҷети вилоятӣ пешбинӣ гардида, барои соли 2019-ум 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Илова бар ин, бо қарорҳои алоҳидаи Раиси вилоят ҷиҳати дастгирии ҷавонон, таъсиси стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони донишгоҳҳои олӣ ва варзишгарони муваффақ, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 15 намуди варзиш барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят, дастгирии Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон, баргузории фестивал – озмунҳо байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 582 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Ҳамагӣ барои соли 2019 аз буҷети вилоят бо мақсади рушди ҷавонон 2 миллиону 206 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар иҷлосия Раҷаббой Аҳмадзода бобати таъмини босифати Барнома ҳарф зада, ниҳодҳои марбута ва раисони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ин самт корбариро ҷоннок намоянд.

Июль 5, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд