Дар Суғд коргоҳи муштараки мурғпарварӣ ба фаъолият оғоз намуд
ХУҶАНД, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд боз як корхонаи муштараки мурғпарварии ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, корхонаи навтаъсис дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр ҷойгир буда, бо иқдоми соҳибкори самарқандӣ Заршед Муҳаммадиев ва соҳибкори маҳаллӣ Абдуаҳад Раҳимов бунёд гардидааст. Корхона барои истеҳсоли чӯҷаи бройлерӣ пешбинӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки коргоҳ дар марҳилаи аввал тухмҳоро аз шаҳри Самарқанд ворид намуда, бо таҷҳизоти муосир парвариши чӯҷаро ба роҳ мемонад. Иқтидори истеҳсолии моҳонаи чӯҷаи навъи бройлерӣ дар ин коргоҳ 100 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ҶДММ «Суғд Самарқанд Парранда» истеҳсоли гӯшти мурғро низ ба роҳ мондааст, ки дар як моҳ то 100 тоннаро ташкил медиҳад. Чӯҷаҳо бо усули муосир парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.
Корхона дар шаҳру навоҳии Исфара ва Мастчоҳ филиали худро ифтитоҳ намуда, баҳри тавсеаи фаъолият нақшаҳои мушаххас дорад. Алҳол дар самти рушди корхона беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардида, то охири соли равон он ба 500 ҳазор доллар расонида мешавад.
Дар назар аст, ки миқдори умумии кормандон бо назардошти филиалҳо ба зиёда аз 50 нафар расонида шавад.










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






