Директори генералии «Сомон Эйр» ба ҳайати Кумитаи тавсиявии IATA шомил шуд
ДУШАНБЕ, 05.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Томас В. Ҳаллам II ба Кумитаи Тавсиявии Ассотсиатсияи Байналмилалии Нақлиёти Ҳавоӣ (IATA) шомил шуд. Дар ин бора дар ҷаласаи 75-уми Ассамблеяи генералии IATA, ки дар Сеул (Кореяи Ҷанубӣ) баргузор шуд, маълум гардид. Мақомоти олии ассотсиатсия ҳар сол роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон ва шарикони калидии соҳаро ҷамъ меоварад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳаврпаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки Кумитаи тавсиявӣ (Nominating Committee) мақомоти ёридиҳандаи Ассамблеяи генералии IATA буда, аз 10 аъзо иборат мебошад. Кумитаи мазкур аз ҷониби Президенти IATA бо мақсади ҷамъоварии тавсияҳо барои Ассамблеяи генералии минбаъда интихоб намудани номзадон таъсис дода мешавад: ба ҳайати узвияти Шӯрои роҳбарон, ба вазифаи Директори генералӣ ва Котиб.
Директори минтақавии IATA Рэймондс Грунтинс дар суханронии табрикотии худ бахшида ба таъйин шудани Томас В. Ҳаллам II ҳамчун узви нави Кумитаи тавсиявӣ иброз намуд: «Ин муваффақияти бузург буда, масъулияти зиёде талаб мекунад. Мутмаинам, ки дониши фарохи Шумо дар соҳаи авиатсия ва таҷрибаи байналмилалӣ дастоварди ҳақиқии Кумита хоҳад шуд ва Шумо ҷиҳати дастгирии авиатсия ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Осиёи Марказӣ муносибатҳоро бо дигар аъзои кумита рушду тақвият хоҳед бахшид. Бениҳоят муҳим аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (ягона аъзои IATA аз Тоҷикистон) дар ассотсиатсияи мо дар ташаккули ояндаи авиатсия фаъолона иштирок намуд. Ҳузури Шумо кафолати он мебошад, ки ширкатҳои авиатсионии Осиёи Марказӣ ба стандартҳои баланди бехатарӣ, аз ҷумла IOSA мутобиқанд ва аз он шаҳодат медиҳад, ки бехатарӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва соҳа аз муҳимтарин афзалиятҳо боқӣ мемонад. Дар ин бора дар Душанбе, ҳангоми баргузории аввалин мизи мудаввари роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ, ки Шумо онро муштаракан бо Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ дар сатҳи олӣ баргузор намудед, возеҳу равшан баён шуда буд».
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро ҳамчунин Директори генералии IATA Александр Де Юниак табрик намуда, зикр кард, ки IATA ҳамеша омода аст ба ширкати «Сомон Эйр» кумаки худро расонад.








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






