ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ПОМИРИНВЕСТ-2019». Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

Июль 29, 2019 14:01

ДУШАНБЕ, 29.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Имкониятҳои сармоягузории Бадахшон дар  Форуми байналмилалии  сармоягузории  «Помиринвест-2019», ки 6-7 августи соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ доир мегардад,  муаррифӣ мешаванд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  аз созмондиҳандагони  ҳамоиши  байналмилалии «Помиринвест-2019» мебошанд. Ҳамоиши байналмилалӣ  дар се бахш- роҳҳо ва усулҳои  такмили сиёсати давлатӣ дар самти  сармоягузориву соҳибкориии Бадахшон,  имкониятҳои  рушди соҳибкорӣ  дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори  сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ -ҳамчун омили  суръатбахши   саноатикунонии  Тоҷикистон баргузор мегардад.  Интизор меравад, ки  дар ҳамоиши  байналмилалӣ ҳудуди 200 нафар соҳибкорони ватанию хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва шарикони рушд  иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя барои рушд ва пешрафти Бадахшонро баррасӣ намоянд.

Дар назар аст, ки иштирокдорони ҳамоиш  мавзӯъҳои   саноатикунонии   босуръати  иқтисодиёти Бадахшон ҳамчун ҳадафи чоруми  миллӣ, монеаҳои рушди соҳибкорию  сармоягузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, имкониятҳои  сайёҳии Бадахшон барои ҷалби бештари  сайёҳони дохилию хориҷӣ, дастгирии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби шарикони рушд ва монеаҳои рушди  минтақаи озоди иқтисодӣ  ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намоянд. Доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ зимни мулоқоти B2B маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя барои иқтисоди Бадахшон матраҳ намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо  мерасонанд.

Инчунин дар доираи ҳамоиши байналмилалии «Помиринвест-2019» мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Боми ҷаҳон муаррифӣ мегарданд.

Интизор меравад, ки иштирокдорони Форуми байналмилалии «Помиринвест-2019» аз  аз корхонаҳои истеҳсолӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, назири фаъолияти  ташкилоту корхонаҳои  «Соҳибкорӣ ва рушд», «Зиндагӣ», «Зирки кӯҳистон»,  Ассотсиатсияи экофарҳангии  «Помир», Осорхонаи Носири   Хусрав, Гармчашма ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  боздид намоянд.

 

Июль 29, 2019 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид