ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ПОМИРИНВЕСТ-2019». Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 29.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Имкониятҳои сармоягузории Бадахшон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2019», ки 6-7 августи соли равон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ доир мегардад, муаррифӣ мешаванд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз созмондиҳандагони ҳамоиши байналмилалии «Помиринвест-2019» мебошанд. Ҳамоиши байналмилалӣ дар се бахш- роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкориии Бадахшон, имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ -ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Тоҷикистон баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ ҳудуди 200 нафар соҳибкорони ватанию хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва шарикони рушд иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоя барои рушд ва пешрафти Бадахшонро баррасӣ намоянд.
Дар назар аст, ки иштирокдорони ҳамоиш мавзӯъҳои саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Бадахшон ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, монеаҳои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, имкониятҳои сайёҳии Бадахшон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, дастгирии соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби шарикони рушд ва монеаҳои рушди минтақаи озоди иқтисодӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намоянд. Доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ зимни мулоқоти B2B маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя барои иқтисоди Бадахшон матраҳ намуда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Инчунин дар доираи ҳамоиши байналмилалии «Помиринвест-2019» мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Боми ҷаҳон муаррифӣ мегарданд.
Интизор меравад, ки иштирокдорони Форуми байналмилалии «Помиринвест-2019» аз аз корхонаҳои истеҳсолӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшон, назири фаъолияти ташкилоту корхонаҳои «Соҳибкорӣ ва рушд», «Зиндагӣ», «Зирки кӯҳистон», Ассотсиатсияи экофарҳангии «Помир», Осорхонаи Носири Хусрав, Гармчашма ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ боздид намоянд.








Дар Барселона имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
СОҲИБКОРӢ ҲАМ МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД! Аз ҷониби кормандони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ маҳсулоти гӯштии бесифат мусодира карда шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ба имзо расид
Муқовимат ба коррупсия омили муҳими рушди устувори Тоҷикистон аст
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ЧИСТ? Ва ё мошинҳои ҳисоббарор метавонанд ба монанди инсон фикр карда, қарор қабул намоянд?
Муҳлати лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ то соли 2029 тамдид карда шуд
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе Форуми 10-уми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет – CAIGF 2026 баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд
Табодули мол байни Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба 2,1 миллиард доллар расид






