«ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ…». Дар Тоҷикистон тӯли шаш моҳи имсол бо сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 64 нафар ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 10.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 64 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин шумора то 9 июли соли 2019 ба қайд гирифта шуда, аз он 28 нафар то 16-сола ва боқимонда аз 17-сола боло мебошанд.
«Аз ин хотир, ба сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия дода мешавад, ки қоидаҳои шиновариро ҷиддан риоя намоянд», — омадааст дар иттилояи Кумита. Тавре шоир гуфтааст:
Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ,
Дар миёнаш ғарқ монӣ, аз канор андеша кун!..
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нохуш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ якҷо бо дигар сохторҳои дахлдори мамлакат мунтазам миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд.
«Оббозӣ дар ҷойҳои барои шиноварӣ номусоид, надонистани шиноварӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон аз сабабҳои аслии ғарқшавии кӯдакон дар дарёҳо ҳисобида мешавад. Аслан оббозӣ дар ин дарёҳо хатарнок буда, шиноварӣ дар онҳо тавсия дода намешавад. Танҳо маконҳои муайяне ҳастанд, ки он ҷо оббозӣ кардан мумкин аст. Лекин баъзе аз сокинон ҳушдору огоҳиҳои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро нодида мегиранд, ки боиси ғарқшавии онҳо мегардад»,-бо ташвиш изҳор дошт манбаъ.








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






