ХАДАМОТИ ИҶРО: ба манфиати давлат беш аз 16 миллион сомонӣ рӯёнида шуд

Июль 19, 2019 17:10

ДУШАНБЕ, 19.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи ҳисоботи  оморӣ,   дар шаш моҳи соли 2019   ба дастгоҳи марказии   Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои  сохтории  он дар маҳалҳо  26 ҳазору 538 мавод,  арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва дигар мақомот ворид гардидаанд. Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ  дар ин давра  иҷрои воқеии  19678  ё  58%  ҳуҷҷатҳои иҷро  таъмин гардидааст. Ҳамзамон рӯёниш  дар самти барқарор намудани маблағҳои зарари расонидашуда ва ҷарима ба манфиати давлат ба маблағи 16 180 541. 52 сомонӣ таъмин гардид. Ин матлабро имрӯз сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода дар нишасти матбуотии ниҳоди мазкур баён дошт.

И.Идрисзода ҳамчунин  иттилоъ дод, ки дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст. Айни замон ба ин  феҳрист 1125 нафар шахсони воқеӣ ва 52 нафар шахсони ҳуқуқӣ  ворид карда шудаанд.

Дар нишаст таъкид гардид, ки  Хадамот бо мақсади беҳтар намудани фаъолият   дар самти истеҳсолоти иҷро тасмим гирифтааст, ки  аз таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо истифода  барад.

Хотиррасон мешавем, ки  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   21 июли соли 2018 таъсис ёфта, воҳидҳои кории судиҷрочиён ба тобеияти он гузаштанд. Тобеияти судиҷрочиён ба Вазорати адлияи Тоҷикистон аввали моҳи июли соли равон расман хотима ёфт.

Июль 19, 2019 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд