Хайриддин Усмон: «10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат дар Донишгоҳи саньат ва илми Ланчоуи Чин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд»
ДУШАНБЕ, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи шартномае, ки миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва Донишгоҳи санъат ва илми Ланчоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тавсиб расидааст, бояд аз оғози соли хониш- моҳи сентябри имсол 10 нафар донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат дар Донишгоҳи саньат ва илми Ланчоуи Чин ва 10 нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ дар Донишкадаи мо ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Ии нуктаро имрӯз дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Усмон ба хабарнигорон иброз намуда, гуфт, ки «пас аз хуб гардидани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон дар соли таҳсили 2018-2019 16 нафар довталаб ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саньат дохил шуданд. Имсол низ шумораи довталабон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёд шуда, айни замон 23 нафар хоҳиши ба донишкада дохил шудан доранд».
Хайриддин Усмон дар мавриди ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ иброз дошт, ки ҳоло донишкада бо 26 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ ба роҳ мондааст.
«Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишкада фаьолияти гуногунҷанбаи худро ба татбики сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда, дар амалӣ гардонидани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018- 2021» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд»,- гуфт Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки соли равон донишкадаро 399 нафар хатм намуда, 26 нафар соҳиби дипломи сурх гардиданд.








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






