Икром Субҳонзода: «Имрӯз «Тоҷик Эйр» бо ҳавопаймои Боинг -767 зоирони тоҷикро ба шаҳри Ҷидда интиқол дод»
ДУШАНБЕ, 26.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 июл ҶСК «Тоҷик Эйр» тавассути ҳавопаймои Боинг -767 парвоз анҷом дода, зоирони тоҷикро ба шаҳри Ҷидда интиқол дод. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки «Тоҷик Эйр» бинобар вазъи душвори молиявӣ аз моҳи январи соли равон парвозҳои худро амалӣ накарда, бо ин сабаб натиҷаи молиявии худро бо зарар, ба миқдори 17, 5 миллион сомонӣ ҷамъбаст намуд. Дар робита ба амалӣ намудани парвозҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили ширкат ва андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии муфлисшавию барқарорсозии қобилияти пардохти «Тоҷик Эйр», корбарӣ ва мулоқоту гуфтушунидҳо бо шарикони ҳамкор идома доранд.
Тасмим гирифта шудааст, ки дар доираи «Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҶСК «Тоҷик Эйр» барои солҳои 2018-2023», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 тасдиқ шудааст, воситаҳои асосии истифоданашавандаи ҷамъияти мазкур ба фурӯш бароварда шуда, маблағи аз ин ҳисоб ба даст омада барои мӯътадил намудани фаъолияти он равона карда шавад. Ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сармоя бо шарикони эҳтимолии маблағгузор гуфтушунид анҷом дода шуда, барои амалӣ шудани парвозҳо чораҳои дахлдор амалӣ мегарданд.
И.Субҳонзода зимни пешниҳоди гузориш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-ро дар фаъолияти шашмоҳаи агентии мазкур дастоварди назаррас арзёбӣ намуд.
«27 июни соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ-танзимнамоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб мешавад. Он мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шуда, тамоми таҷҳизоти кории манора истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд»,- афзуд номбурда.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади амалишавии яке аз стратегияҳои миллии мамлакат-ба давлати транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Афғонистон таҳияву ташкил, тасдиқ ва дар NOTAM нашр карда шуданд. Масири нав дар муқоиса бо масирҳои амалкунанда берун аз ҳудуди мамлакат 176 км кӯтоҳ буда, вақти парвозро то 20 дақиқа ва миқдори сӯзишвориро тақрибан 800-1000 км кам менамояд.









«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






