Икром Субҳонзода: «Имрӯз «Тоҷик Эйр» бо ҳавопаймои Боинг -767 зоирони тоҷикро ба шаҳри Ҷидда интиқол дод»

Июль 26, 2019 15:01

ДУШАНБЕ, 26.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 июл ҶСК  «Тоҷик Эйр»   тавассути  ҳавопаймои  Боинг -767  парвоз анҷом дода, зоирони  тоҷикро  ба шаҳри Ҷидда интиқол дод.  Дар ин бора  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки «Тоҷик Эйр» бинобар вазъи душвори молиявӣ аз моҳи январи соли равон  парвозҳои худро амалӣ накарда, бо ин сабаб натиҷаи молиявии худро бо зарар, ба миқдори 17, 5 миллион сомонӣ ҷамъбаст намуд.  Дар робита ба амалӣ намудани парвозҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили ширкат ва андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирии муфлисшавию барқарорсозии қобилияти пардохти «Тоҷик Эйр», корбарӣ ва мулоқоту гуфтушунидҳо бо шарикони ҳамкор  идома доранд.

Тасмим гирифта шудааст, ки дар доираи «Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҶСК  «Тоҷик Эйр» барои солҳои 2018-2023», ки  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 тасдиқ шудааст, воситаҳои асосии  истифоданашавандаи ҷамъияти мазкур ба фурӯш бароварда шуда, маблағи аз ин ҳисоб ба даст омада барои мӯътадил намудани фаъолияти он равона карда шавад. Ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сармоя бо шарикони эҳтимолии маблағгузор гуфтушунид анҷом  дода шуда, барои амалӣ шудани парвозҳо чораҳои дахлдор амалӣ мегарданд.

И.Субҳонзода зимни пешниҳоди гузориш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  Манораи нави назоратӣ-танзимнамоии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»-ро  дар  фаъолияти   шашмоҳаи   агентии мазкур дастоварди назаррас арзёбӣ намуд.

«27 июни соли равон  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Манораи нави назоратӣ-танзимнамоӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Манора дар таъмини бехатарии парвозҳо аҳамияти бузург дошта, яке аз муҳимтарин иншоот барои идораи парвозу нишасти киштиҳои ҳавоӣ маҳсуб мешавад. Он мутобиқ ба меъёру талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ сохта шуда, тамоми таҷҳизоти кории манора  истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Аврупо буда, ҳайати назоратчиёну танзимгарони парвозу нишастҳои ҳавопаймову чархболҳо аз муосиртарин технологияи аэронавигатсионӣ истифода менамоянд»,- афзуд номбурда.

Дар нишаст ҳамчунин  иттилоъ дода шуд, ки  бо мақсади амалишавии яке аз стратегияҳои миллии мамлакат-ба давлати транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Тоҷикистону Ӯзбекистон  ва Тоҷикистон Афғонистон таҳияву ташкил, тасдиқ ва дар NOTAM нашр карда шуданд. Масири нав дар муқоиса бо масирҳои амалкунанда берун аз ҳудуди  мамлакат 176 км кӯтоҳ буда, вақти парвозро то 20 дақиқа ва миқдори сӯзишвориро тақрибан 800-1000 км кам менамояд.

Июль 26, 2019 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд