Муовини Сарвазир Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Турсунзода бо кормандони соҳаи кишоварзӣ мулоқот доир намуд
ТУРСУНЗОДА, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбарияти Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ оид ба иҷрои нақшаҳои кишт, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корам баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар мулоқоти мазкур раисони ҷамоатҳои деҳоти ҳудуди шаҳр вобаста ба маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода оид ба вазъи соҳаи кишоварзии шаҳр дар шашмоҳаи якуми соли равон маълумот доданд.
Муовини Сарвазири мамлакат ҳисоботи масъулинро мавриди таҳлил қарор дода, иброз дошт, ки иҷрои дурнамои соҳаи кишоварзӣ дар баробари хоҷагидорон аз фаъолияти ҷамоатҳои деҳот низ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ масъулинро мебояд дар маҳал корро ҷоннок намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки дар баробари шаҳри саноатӣ будан, шаҳри Турсунзода бо кишоварзони соҳибтаҷриба ва заминҳои ҳосилхез шинохта шудааст. Аз ин лиҳоз, кишоварзони шаҳрро мебояд дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро сари вақт иҷро намуда, аз обу замин самаранок истифода бурда, ҷиҳати расидан ба ҳадафи сеюми мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд.
Барои иҷрои дурнамои кишт, ба даст овардани ҳосили баланд, бунёди боғу токзор, гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳо, бунёди гармхонаву сардхонаҳо дар шаҳри Турсунзода тамоми шароит муҳайё аст. Кишоварзон барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва содироти маҳсулоти баландсифат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






