Музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз тарафи корфармоён баргардонида шуд, — бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 25.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 12 ҳазору 317 нафар занону духтарони хонашин ва шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Ҷалби аҳолии мамлакат ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила эҳё ва рушди касбу ҳунарҳо, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои вазорат буда, бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарои мардумӣ дар ин самт пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ин матлабро имрӯз муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода ба хабарнигорон изҳор намуд.
«Дар ҷумҳурӣ 4 миллиону 725,6 ҳазор нафар аҳолии қобили меҳнат мебошад, ки шумораи умумии бекорон 463,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 216, 3 ҳазор нафар мард ва 247,1 ҳазор нафар зан мебошанд. Дар шароити кунунӣ, ки суръати баланди афзоиши табиии аҳолӣ ва қувваҳои корӣ ва ташкили на он қадар зиёди ҷойҳои нави корӣ мушоҳида карда мешавад, мушкилоти қонеъ гардонидани аҳолӣ бо ҷойи кор масъалаи рӯзмарра боқӣ мемонад. Ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»,-илова намуд номбурда.
Эмин Сангинзода ҳамчунин иброз дошт, ки соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз самтҳои фаъолияти вазорат буда, вазифаи асосии он мутобиқ ба Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти мамлакат тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.
Дар нишаст инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 18 ҳазору 173 муроҷиату дархостҳои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуда, бо дахолати онҳо 12 млн. 859 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат аз тарафи корфармоён баргардонида шуд.
Бо мусоидати Намояндагӣ дар ин давра 20 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбат ба шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуда, зиёда аз 6441 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






