Музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз тарафи корфармоён баргардонида шуд, — бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 25, 2019 17:13

ДУШАНБЕ, 25.07.2019  /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 12 ҳазору 317 нафар занону духтарони хонашин ва шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Ҷалби аҳолии  мамлакат  ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила эҳё ва рушди касбу ҳунарҳо, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои вазорат буда, бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарои мардумӣ дар ин самт пайваста  тадбирҳои муассир  андешида  мешаванд. Ин матлабро имрӯз муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода ба хабарнигорон изҳор намуд.

«Дар  ҷумҳурӣ 4 миллиону 725,6 ҳазор нафар аҳолии қобили меҳнат мебошад, ки шумораи умумии бекорон 463,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод   216, 3 ҳазор нафар мард ва 247,1 ҳазор нафар зан мебошанд. Дар шароити кунунӣ, ки суръати баланди афзоиши табиии аҳолӣ ва қувваҳои корӣ ва ташкили на он қадар зиёди ҷойҳои нави корӣ мушоҳида карда мешавад, мушкилоти қонеъ гардонидани аҳолӣ бо ҷойи кор масъалаи рӯзмарра боқӣ мемонад. Ба  шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум  яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»,-илова намуд номбурда.

Эмин Сангинзода ҳамчунин  иброз дошт, ки соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз самтҳои фаъолияти вазорат буда, вазифаи асосии он мутобиқ ба Ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти мамлакат  тайёр намудани кадрҳои коргарии баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.

Дар нишаст инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 18 ҳазору 173 муроҷиату дархостҳои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуда, бо дахолати онҳо 12 млн. 859 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат аз тарафи корфармоён баргардонида шуд.

Бо мусоидати Намояндагӣ дар ин давра 20 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбат ба шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуда, зиёда аз 6441 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин карда шуданд.

Июль 25, 2019 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд