НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА: Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 737 ҳазор сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.072019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар вилояти Суғд зиёда аз 737 ҳазор сомониро ташкил дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин давра аз ҷониби хоҷагиҳои моҳидории вилоят 36,5 тонна моҳӣ сайд карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 10,9 фоиз, зағорамоҳӣ – 6,7 фоиз, амури сафед – 1,5 фоиз, суфмоҳӣ – 16,3 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 64,6 фоизро ташкил намудааст.
Мавриди зикр аст, ки Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015, ки бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокӣ, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин восита, таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардида буд, барои пешрафти соҳа нақши муҳим бозид.
Барқарорсозии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда дар мамлакат, парвариши навъҳои нав, эҳёи намудҳои қаблан нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои амрикоӣ, лақамоҳии каналӣ) ташкили хоҷагиҳои парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ ҳадафҳои асосии ин барномаи мазкур маҳсуб меёбанд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






