НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон зимни гузаронидани 156 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ беш аз 88 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуданд. Дар ин хусус 18 июл раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти олии назорати молиявии мамлакат дар шашмоҳаи аввали соли равон ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Қарахон Чиллазода гуфт, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида 4,4 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, 3,7 миллион сомонӣ камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, беш аз 37 миллион сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ, зиёда аз 30 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо, беш аз 11 миллион сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ зиёда аз 273 ҳазор сомонӣ ва пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳо қариб 439 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти олии назорати молиявӣ барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои зимни санҷишҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешида, ба буҷет ва муассисаю ташкилотҳо зарари молиявӣ ба маблағи 41,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.








Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






