НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд

Июль 18, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 18.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон зимни гузаронидани 156 санҷиши аудиторӣ дар   вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори  давлатӣ,  марказ ва гурӯҳҳои  татбиқи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар  муассисаҳои буҷетӣ  беш аз 88 миллион сомонӣ  зарари молиявиро муайян намуданд. Дар ин хусус  18 июл раиси Палатаи  ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қарахон Чиллазода  дар нишасти матбуотӣ  оид ба натиҷаҳои  фаъолияти мақомоти олии назорати молиявии мамлакат  дар шашмоҳаи аввали соли равон ба хабарнигорон иттилоъ  дод.

Қарахон Чиллазода  гуфт, ки аз маблағи умумии  зарари молиявии ошкоргардида 4,4 миллион сомонӣ  хароҷоти  ғайриқонунии пулию молӣ,  3,7 миллион сомонӣ  камомаду тасарруфи  воситаҳои  пулию молӣ,  беш аз 37 миллион сомонӣ  талафи воситаҳои   пулию  молӣ, зиёда аз 30 миллион сомонӣ  маблағи  кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо,   беш аз 11 миллион сомонӣ  изофанависӣ дар корҳои  таъмиру сохтмон,   зарар аз фурӯш ва  иҷораи  амволи давлатӣ  зиёда аз 273 ҳазор сомонӣ ва  пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳо қариб 439 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра  аз ҷониби кормандони мақомоти олии назорати молиявӣ   барои  бартараф намудани  камбудию  норасоиҳои  зимни санҷишҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас  андешида, ба буҷет  ва муассисаю ташкилотҳо  зарари молиявӣ  ба маблағи 41,1 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.

Июль 18, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид