НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Академияи илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмиву тадқиқотии хориҷи мамлакат ҳамкории судманд ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо академия ва муассисаҳои илмиву тадқиқотии хориҷи мамлакат ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Ин нукта имрӯз, 29 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки дар маркази матбуоти АМИТ «Ховар» доир шуд, баён гардид.
Зикр шуд, ки ин ҳамкорӣ ба хотири таҳким бахшидани таҷриба ва анҷом додани корҳои илмиву тадқиқотии муштараки олимони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷияшон ба роҳ монда шудаанд.
«Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Россия, Созишнома байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории илмӣ, Ёддошти тафоҳум байни Шӯрои тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Ҳиндустон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон аз зумраи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ба имзо расида, дар самти робитаҳои дуҷонибаи илмии хориҷии мо заминаи нав гузоштанд», — афзуд президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.
Ба гуфтаи мавсуф, дар ин давра қариб 100 нафар кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон барои коромӯзӣ, иштирок дар конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ба бештар аз 110 мамлакати олам сафар намуданд.
Бояд зикр намуд, ки 15 июни соли равон зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки он барои ҳамкории минбаъдаи ин ду ниҳоди илмӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.
Гуфтанист, ки охири моҳи апрели соли равон дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он баргузор гардид ва дар ин вохӯрӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир шуд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чинро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз эътимоду баҳодиҳии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хулосае омад, ки муносибатҳои дуҷонибаи Академияи илмҳои Тоҷикистон бо Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин имконият медиҳад, ки ба рушди илми тоҷик ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои илмиву тадқиқотии муштарак такони ҷиддӣ бахшида шавад.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






