НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Академияи илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмиву тадқиқотии хориҷи мамлакат ҳамкории судманд ба роҳ мондааст

Июль 29, 2019 11:45

ДУШАНБЕ, 29.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо академия  ва муассисаҳои илмиву тадқиқотии хориҷи мамлакат ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Ин нукта имрӯз, 29 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, ки дар маркази матбуоти АМИТ «Ховар» доир шуд, баён гардид.

Зикр шуд, ки ин ҳамкорӣ ба хотири таҳким бахшидани таҷриба ва анҷом додани корҳои илмиву тадқиқотии муштараки олимони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷияшон ба роҳ монда шудаанд.

«Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Россия, Созишнома байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории илмӣ, Ёддошти тафоҳум байни Шӯрои тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Ҳиндустон ва Академияи илмҳои Тоҷикистон аз зумраи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ба имзо расида, дар самти робитаҳои дуҷонибаи илмии хориҷии  мо заминаи нав гузоштанд», — афзуд президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ.

Ба гуфтаи мавсуф, дар ин давра қариб 100 нафар кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон барои коромӯзӣ,  иштирок дар конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ба бештар аз 110 мамлакати олам сафар намуданд.

Бояд зикр намуд, ки 15 июни соли равон зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки он барои ҳамкории минбаъдаи ин ду ниҳоди илмӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт.

Гуфтанист, ки охири моҳи апрели соли равон дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он  баргузор гардид ва дар ин вохӯрӣ дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди таърихии «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир шуд.

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чинро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Аз эътимоду баҳодиҳии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хулосае омад, ки муносибатҳои дуҷонибаи Академияи илмҳои Тоҷикистон бо Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Чин имконият медиҳад, ки ба рушди илми тоҷик ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои илмиву тадқиқотии муштарак такони ҷиддӣ бахшида шавад.

 

Июль 29, 2019 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАКҲАТИ БАҲОР». Таҳти ин унвон намоиши асарҳои эҷодӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардуми Чин доир мешаванд
«Достони Сиёвуш» соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2025» гардид
Имрӯз ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» муайян мешаванд
Чи гуна шавқи мутолиаи китобро дар байни наврасон афзун намоем?
Дар Тоҷикистон моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз мегардад
Дар Теҳрон «Шаби устод Айнӣ ва «Ёддоштҳо»-и ӯ» баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе сохтмони яке аз иншооти зеботарин дар Осиёи Марказӣ -Театри миллӣ идома дорад
Барандагони Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-ҷоизаи асосии башардӯстонаи ИДМ эълон шуданд