ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Июль 4, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 04.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво  тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе  рӯзона ба 33-35 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи  бебориш мешавад.    Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо  суръати 3-8  ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати  10-15 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва   рӯзона    22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри  бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад.    Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва  рӯзона 33+35  дараҷа гарм мешавад.

Июль 4, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид