Ориф Хоҷазода: «Ба 224 ҳазору 625 нафар эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ дода шуд»
ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 30 ҳазору 492 гектар замин ҷудо карда шудааст. Аз ин майдони умумӣ то 1 июни соли равон 22 ҳазору 917 гектар ба 224 ҳазору 625 нафар эҳтиёҷмандон дода шуд.
Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, «дар ҳолати аз тарафи шаҳрванд дар тӯли 3 сол оғоз накардани сохтмон бояд қарордод бекор карда шавад. Вале, пеш аз ҳама, бояд мутахассисон сабабҳои ба сохтмон оғоз накардани шаҳрвандонро омӯхта, сипас хулосаҳои худро бароранд ва таклифу пешниҳодҳои худро ба онҳо расонанд. Имрӯз бояд мо барои инфрасохтор шароит муҳайё созем, то шаҳрвандон дар минтақаи тақсимшуда сохтмон кунанд. Зеро имрӯз ҳолатҳое мешаванд, ки шаҳрванд имконияти сохтмон кардан надорад ва ё ин ки инфрасохтор мавҷуд нест».
Ҳамчунин номбурда дар мавриди он ки ба сокинони шаҳри Душанбе замини наздиҳавлигӣ ҷудо мегардад ё не, зикр намуд, ки тамоми сохтмонҳо дар асоси нақшаи кулли шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Кумита дигар дар ҳудуди шаҳр заминҳои наздиҳавлигӣ пешбинӣ накарда, танҳо барои бо манзили зист таъмин намудани шаҳрвандон дар биноҳои баландошёна корбарӣ менамояд.








ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд






