Ориф Хоҷазода: «Ба 224 ҳазору 625 нафар эҳтиёҷмандон замини наздиҳавлигӣ дода шуд»

Июль 19, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 19.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани эҳтиёҷмандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 30 ҳазору 492 гектар замин ҷудо карда шудааст.  Аз  ин майдони умумӣ то 1 июни соли равон 22 ҳазору 917 гектар ба 224 ҳазору 625 нафар эҳтиёҷмандон дода шуд.

Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, «дар ҳолати аз тарафи  шаҳрванд дар тӯли 3 сол оғоз накардани сохтмон бояд қарордод бекор карда шавад. Вале, пеш аз ҳама, бояд  мутахассисон сабабҳои ба сохтмон оғоз накардани шаҳрвандонро омӯхта, сипас хулосаҳои худро бароранд ва таклифу пешниҳодҳои худро ба онҳо расонанд. Имрӯз  бояд мо барои  инфрасохтор шароит муҳайё созем, то шаҳрвандон дар минтақаи тақсимшуда сохтмон кунанд. Зеро  имрӯз ҳолатҳое мешаванд, ки шаҳрванд имконияти сохтмон кардан надорад ва ё ин ки инфрасохтор мавҷуд нест».

Ҳамчунин номбурда дар мавриди он ки ба сокинони шаҳри Душанбе замини наздиҳавлигӣ ҷудо мегардад  ё не, зикр  намуд, ки  тамоми сохтмонҳо дар асоси нақшаи кулли шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешаванд. Кумита дигар дар ҳудуди шаҳр заминҳои наздиҳавлигӣ пешбинӣ  накарда, танҳо  барои бо манзили зист таъмин намудани шаҳрвандон   дар биноҳои баландошёна корбарӣ менамояд.

Июль 19, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад