Панҷ голи Дилшод Восиев ба дастаи «Хуҷанд» пирӯзӣ овард

Июль 1, 2019 15:45

ДУШАНБЕ 01.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бозии мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои  футболи «Хуҷанд»-и  Хуҷанд ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар варзишгоҳи «20- солагии Истиқлолият»-и Тоҷикистони шаҳри Хуҷанд  бо ғалабаи калони соҳибони майдон ҷамъбаст шуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамлагари дастаи  футболи «Хуҷанд» Дилшод Восиев дар ин вохӯрӣ панҷ дафъа ба задани гол даст ёфта, ба истилоҳ «пента-трик» анҷом дод. Ҳамлагари дигари мизбонон Турсуналӣ Рустамов   се голро  ба ҳадаф расонид. Як тӯби дигар ба ҳимоятгар Фирдавс Чақалов рабт дорад. Шогирдони Виталий Левченко бо ин пирӯзии калон ба зинаи дуюми ҷадвал баромаданд. Ҳоло дар ҳисоби онҳо баъди 10 бозӣ 17 хол аст.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрии дигари  мавқуфмондаи даври 9-уми Чемпионати мамлакат    дастаи футболи  «Истаравшан»-и  Истаравшан бар  дастаи «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода  ғолиб омад. Ин вохӯрӣ    дирӯз дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ҷамъбаст гардид. Дар дақиқаи 20-уми рақобат Қаҳрамон Ҳомидов ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 42-уюми вохӯрӣ ҳамлагари дастаи меҳмонон Акбар Шелдорӣ ҳисобро баробар намуд. Соҳибони майдон дар дақиқаи 43-юм боз ба пеш баромаданд. Ба ҳамин тартиб дастаи футболи «Истаравшан» бо 11 хол мавқеи худро дар зинаи шашуми ҷадвал мустаҳкамтар кард. 

Лигаи олӣ. Бозии мавқуфмондаи даври 9-ум

«Хуҷанд» — «Панҷшер» — 9:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 4 (1:0). Дилшод Восиев, 14 (2:0). Турсуналӣ Рустамов, 16 (3:0). Турсуналӣ Рустамов, 18 (4:0). Турсуналӣ Рустамов, 23 (5:0). Дилшод Восиев, 30 (6:0). Дилшод Восиев, 50 (7:0). Фирдавс Чақалов, 63 (8:0). Дилшод Восиев, 68 — аз пеналти (9:0).

«Истаравшан» — «Регар ТадАЗ» — 2:1

Голҳо: Қаҳрамон Ҳомидов, 20 (1:0). Акбари Шелдорӣ, 42 (1:1). Насим Расулов, 43 (2:1).

Июль 1, 2019 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад