Раиси шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои иншооти нави дар ҳудуди шаҳри Душанбе бунёдшаванда шинос гардид

Июль 5, 2019 08:25

ДУШАНБЕ, 05.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои иншооти нав, аз ҷумла биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, шинос гардид.

Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни муаррифии тарҳи иншооти бунёдшаванда ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши кӯчаи «Дӯстии  халқҳо» то майдони Ғалаба дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, давоми ду сол биноҳои баландошёнаи  истиқоматӣ  ва   маъмурӣ дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.

Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12 ошёна буда, дар онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, боғчаҳои  бачагона, мактаб, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ  ва   шабакаи  обу корез ба нақша гирифта  шудаанд.

ДАР АКС: лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Ҳамчунин дар ҳамин кӯча биноҳои нави маъмурии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд. Тибқи дурнамо сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст.

Раиси шаҳр амалӣ намудани иқдоми мазкурро дар фароҳам овардани шароити аз ин ҳам беҳтари кору зиндагӣ барои сокинони пойтахт муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки сохтмони иншоот дар муҳлати муайяншуда, босифати баланд ва риояи тамоми талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба анҷом расонида  шавад.

Рустами Эмомалӣ ба масъулин инчунин ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии атроф, инчунин ба инобат гирифтани инфрасохтори зарурӣ, аз қабили хатҳои обу корез, барқу гармидиҳӣ, низоми муосири партовпартоӣ, воситаҳои хизматрасонии дохили биноҳо супоришҳои мушаххас  доданд.

 

Июль 5, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид