Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд

Июль 10, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 10.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён аз 15 то 17 июли соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазиранд.
Инчунин музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ва мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Корея бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар музокироти оянда дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Корея дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Аз рӯи натиҷаҳои сафар чанд созишнома ба имзо хоҳад расид.

Июль 10, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд